Хабарҳо

Атласи Миллии ҶТ

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ»-и Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартибдиҳии маълумотномаи мухтасари илмии «Атласи миллии Тоҷикистон шурӯъ намуданд».
Ҳангоми иҷрои корҳо барои тартибдиҳии атласи мазкур тамоми вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд. Дар қатори муаллифони мақолаҳо ва харитаҳо кормандони шоистаи илм ва маорифи ҷумҳурӣ аз ҷумла: Р. Маов, Т. Назаров, Х. Муҳаббатов, Х. Аҳмадов, Л. Саидмуродов, Р. Диловаров ва дигарон мебошанд.

Муфассал

Харитаи релефӣ 6х9

Мутахассисони КВД «Фабрикаи харитасозӣ» дар ҳамкорӣ бо ширкати «Декарти» Федератсияи Россия харитаи релефии калонҳаҷми андозаи 6х9-ро барои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар охири соли 2012 кушода шудааст, омода сохта дар даромадгоҳи осорхона зери шишаи махсус ҷойгир карданд.

Корҳои харитасозӣ оиди омодаи ин харита зиёда аз 15 моҳ давом ёфтанд. Ҳангоми тартибдиҳӣ хусусиятҳои релефи кӯҳии Тоҷикистон ба назар гирифта шуданд.

Муфассал

Соли 2013 КВД «Фабрикаи харитасозӣ»

Соли 2013 КВД «Фабрикаи харитасозӣ» ду номгӯй маҳсулоти истифодаи умумро аз чоп баровардааст:

  • Харитаи сайёҳии «Душанбе» ба забони англисӣ. Моҳи сентябри соли 2013 баъд аз иҷрои корҳои тартибдиҳӣ ва таҷдид ин харита аз чоп бароварда шуд. Ин харита дар асоси харитаи сайёҳии «Душанбе», ки соли 2008 аллакай ба нашр бароварда шуда буд тайёр карда шудааст. Бо назардошти он, ки дар шаҳр дигаргуниҳои куллии инфрасохтор ва меъморӣ руй додаанд, барои таҷдид ва нашри харитаи нав сабаби воқеъӣ пайдо шуд. Солҳои охир дар шаҳр бисёр дигаргуниҳои, меъморӣ ва иқтисодӣ ба вуқӯъ омаданд. Миқдори зиёди иншоотҳои меъморӣ, сохторҳои давлатӣ ташкилоти ҷамъиятӣ, иншооти фарҳангӣ ва манзили истиқоматӣ сохта шудаанд, ки намуди зоҳирии шаҳрро ба куллӣ тағйир додаанд.

    Муфассал

Системаи геоиттилоотии «Нохия»

Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба КВД «Фабрикаи харитасозӣ» барои тартибдиҳӣ ва ҷорӣ намудани Системаи геоиттилоотии «Нохия» фармоиш намуд.

Аз соли 2011 инҷониб аз тарафи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба КВД «Фабрикаи харитасозӣ» барои тартибдиҳӣ ва ҷорӣ намудани Системаи ягонаи геоиттилоотии «Нохия» фармоиш дода шудааст. 

Дар доираи ин лоиҳа тартибдиҳии базаи ягонаи маълумоти геоиттилоотӣ, ки ҳар як ноҳияи Тоҷикистонро дар алоҳидагӣ дар бар мегирад ба нақша гирифта шудааст. Иҷроиши ин корҳо дар давоми солҳои 2011-2016 ба нақша гирифта шуда, рафти иҷрои корҳо бо истифодаи маълумоти фонди харитавӣ, аксҳои кайҳонӣ ва инчунин асбобҳои муосири радифӣ GPS иҷроро карда мешаванд.

Муфассал

Будубоши

Log in

create an account