Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба КВД «Фабрикаи харитасозӣ» барои тартибдиҳӣ ва ҷорӣ намудани Системаи геоиттилоотии «Нохия» фармоиш намуд.
Аз соли 2011 инҷониб аз тарафи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба КВД «Фабрикаи харитасозӣ» барои тартибдиҳӣ ва ҷорӣ намудани Системаи ягонаи геоиттилоотии «Нохия» фармоиш дода шудааст.
Дар доираи ин лоиҳа тартибдиҳии базаи ягонаи маълумоти геоиттилоотӣ, ки ҳар як ноҳияи Тоҷикистонро дар алоҳидагӣ дар бар мегирад ба нақша гирифта шудааст. Иҷроиши ин корҳо дар давоми солҳои 2011-2016 ба нақша гирифта шуда, рафти иҷрои корҳо бо истифодаи маълумоти фонди харитавӣ, аксҳои кайҳонӣ ва инчунин асбобҳои муосири радифӣ GPS иҷроро карда мешаванд.
Дар натиҷаи ҳамаи корҳо харитаҳои рақамии миқёси 1:10 000 бо маълумоти соҳавии атрибутӣ ва оморӣ барои истифодабарӣ дар ташкилоту идораҳо ва минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешаванд.
То ба имрӯз дар доираи ин лоиҳа мутахассисони корхона асоси топографиро доир ба ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб ба пуррагӣ омода сохта, барои ба барномаҳо ворид намудани маълумоти соҳавӣ ва оморӣ корҳои зарурӣ бурда истодаанд. Ба системаи ягонаи геоиттилоотии «Нохия» вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ метавонанд маълумоти соҳавии худро ворид намуда, барои истифодабари ҳаматарафа ҳамчун базаи маълумоти электронии соҳавӣ қарор диҳанд.
Корҳои асосии харитасозӣ дар ин иншоот бояд соли 2016 анҷом дода шаванд.