Deprecated: Non-static method JApplicationSite::getMenu() should not be called statically, assuming $this from incompatible context in /var/www/mapfactory.tj/data/www/mapfactory.tj/templates/gk_storefront/lib/framework/helper.layout.php on line 152

Deprecated: Non-static method JApplicationCms::getMenu() should not be called statically, assuming $this from incompatible context in /var/www/mapfactory.tj/data/www/mapfactory.tj/libraries/cms/application/site.php on line 272

Мутахассисони КВД «Фабрикаи харитасозӣ» дар ҳамкорӣ бо ширкати «Декарти» Федератсияи Россия харитаи релефии калонҳаҷми андозаи 6х9-ро барои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар охири соли 2012 кушода шудааст, омода сохта дар даромадгоҳи осорхона зери шишаи махсус ҷойгир карданд.

Корҳои харитасозӣ оиди омодаи ин харита зиёда аз 15 моҳ давом ёфтанд. Ҳангоми тартибдиҳӣ хусусиятҳои релефи кӯҳии Тоҷикистон ба назар гирифта шуданд.

Дар ин харита инчунин бо истифодаи асбобҳои равшанидиҳандаи электрики муосир иншооти асосии географӣ, иқтисодӣ, нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон инъикос гаштаанд. Идоракунии иншооти электрикӣ бо истифодаи компютер тавассути монитори сенсорӣ сурат мегирад. Аз ҷиҳати андоза ин харитаи калонтарин дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Имрӯзҳо ҳар як шахс метавонад ин харитаро тамошо карда, бо хусусиятҳои релеф ва иншооти иқтисодии Тоҷикистон аз наздик шинос шавад. Харитаи мазкур Дар даромадгоҳи осорхона зери шишаи махсус ҷойгир карда шудааст. 
Суроғаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон: шаҳри Душанбе, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 1 тел.: 227-15-08, e-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Будубоши

Log in

create an account