Deprecated: Non-static method JApplicationSite::getMenu() should not be called statically, assuming $this from incompatible context in /var/www/mapfactory.tj/data/www/mapfactory.tj/templates/gk_storefront/lib/framework/helper.layout.php on line 152

Deprecated: Non-static method JApplicationCms::getMenu() should not be called statically, assuming $this from incompatible context in /var/www/mapfactory.tj/data/www/mapfactory.tj/libraries/cms/application/site.php on line 272

Соли 2013 КВД «Фабрикаи харитасозӣ» ду номгӯй маҳсулоти истифодаи умумро аз чоп баровардааст:

  • Харитаи сайёҳии «Душанбе» ба забони англисӣ. Моҳи сентябри соли 2013 баъд аз иҷрои корҳои тартибдиҳӣ ва таҷдид ин харита аз чоп бароварда шуд. Ин харита дар асоси харитаи сайёҳии «Душанбе», ки соли 2008 аллакай ба нашр бароварда шуда буд тайёр карда шудааст. Бо назардошти он, ки дар шаҳр дигаргуниҳои куллии инфрасохтор ва меъморӣ руй додаанд, барои таҷдид ва нашри харитаи нав сабаби воқеъӣ пайдо шуд. Солҳои охир дар шаҳр бисёр дигаргуниҳои, меъморӣ ва иқтисодӣ ба вуқӯъ омаданд. Миқдори зиёди иншоотҳои меъморӣ, сохторҳои давлатӣ ташкилоти ҷамъиятӣ, иншооти фарҳангӣ ва манзили истиқоматӣ сохта шудаанд, ки намуди зоҳирии шаҳрро ба куллӣ тағйир додаанд.
  • Харитаи сайёҳии «Душанбе» дар андозаи 100х70 см ва бо теъдоди 4000 нусха аз чоп баромадааст.

Харитаи маъмурии «Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забони англисӣ. Моҳи октябри с. 2013 ин харита дар миқёси 1:750 000 (ҳаҷми чопии 100х70 см) ва бо теъдоди 5000 нусха нашр карда шуд.
Харитаи мазкур дар асоси натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолии соли 2010 ва тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ ба ҳолати 1 январи соли 2013 тартиб дода шудааст. Инчунин номгузории нави нуқтаҳои аҳолинишин, номҳои географӣ, таҷдиди иншооти соҳаи нақлиёт ва иншооти нави гидротехникӣ ворид карда шудааст. Дар ҷадвали махсус масоҳат, миқдори аҳолӣ ва масофа байни маркази ҳар як воҳиди маъмурии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст.
Бо намунаҳои харитаҳои нашршуда дар модули «Феҳристи маҳсулот» шинос шуда метавонед. (код 3.04 и 1.02)

Будубоши

Log in

create an account