Deprecated: Non-static method JApplicationSite::getMenu() should not be called statically, assuming $this from incompatible context in /var/www/mapfactory.tj/data/www/mapfactory.tj/templates/gk_storefront/lib/framework/helper.layout.php on line 152

Deprecated: Non-static method JApplicationCms::getMenu() should not be called statically, assuming $this from incompatible context in /var/www/mapfactory.tj/data/www/mapfactory.tj/libraries/cms/application/site.php on line 272

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ»-и Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартибдиҳии маълумотномаи мухтасари илмии «Атласи миллии Тоҷикистон шурӯъ намуданд».
Ҳангоми иҷрои корҳо барои тартибдиҳии атласи мазкур тамоми вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд. Дар қатори муаллифони мақолаҳо ва харитаҳо кормандони шоистаи илм ва маорифи ҷумҳурӣ аз ҷумла: Р. Маов, Т. Назаров, Х. Муҳаббатов, Х. Аҳмадов, Л. Саидмуродов, Р. Диловаров ва дигарон мебошанд.

Энсиклопедияи ба ҳама маълуми «Атласи РСС Тоҷикистон», ки соли 1968 аз чоп баромада буд, ҳаматарафа ба талабот ҷавобгӯй намебошад. Дар давоми 45 соли гузашта тамоми маълумот ва ахбороти омории дар ин Атлас овардашуда ба куллӣ дигаргун шудаанд. Барои инъикоси ҳолати нави иқтисодӣ ва ҷмиятӣ дар Тоҷикистон, ки дар солҳои баъди истиқлолият ба даст оварда шудаанд, талаботи таъҷилӣ пайдо шудааст.
Корҳои вобаста ба ҷамъоварӣ намудани мълумоти илмӣ ва тартибдиҳии харитаҳи Атлас то соли 2015 давом мекунанд. Нашри Атласи мазкур дар соли 2016 ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Андозаи чопии китоби «Атласи миллии Тоҷикистон» 24х36 см буда, он аз 204 саҳифа иборат мебошад. Вобаста ба талабот шакли электронии Атлас низ омода хоҳад шуд.

Будубоши

Log in

create an account