Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» дар қаламрави Тоҷикистон аввалин ташкилоте мебошад, ки дар соҳаи тартибдиҳӣ ва нашри харитаҳои махсус ва истифодабарии умум фаъолият дорад. 
Ин ташкилот бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, 16 сентябри соли 2003 дар феҳристи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 001-370 ҳамчун «Фабрикаи харитасозии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. 28 декабри соли 2006 ташкилот ба Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Фабрикаи харитасозӣ»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифта шудааст.
Вазифаҳои асосии КВД «Фабрикаи харитасозӣ» аз инҳо иборатанд:

Дар корхона технологияи муосири компютерии вобаста ба тартибдиҳӣ ва нашри харитаҳо ҷорӣ карда шуда, дар қатори харитаҳои анъанавӣ истеҳсоли харитаҳои рақамии навигатсионӣ ва сохтани модели рақамии релефи маҳал ба роҳмонда шудааст. Истифодаи маълумоти фонди харитавӣ ва технологияи пешқадами харитасозӣ ба мутахасиссони корхона имкон медиҳад, ки таъҷилан маълумоти соҳавӣ ва заруриро дастрас намуда, маҳсулоти хушсифат бо инъикоси ҳаматарафаи соҳаҳо барои тамоми самтҳои иқтсиодиёт тайёр намоянд. Дар ҳолати зарурӣ мутахасиссони корхона метавонанд таъҷилан корҳои саҳроиро тар ҳудуди тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иҷро намуда, маълумоти навтаринро бо истифодаи асбобҳои ҳозиразамони геодезӣ ҷамъоварӣ намоянд.
Самти харитасозии соҳавӣ, ки аз тарафи КВД «Фабрикаи харитасозӣ» иҷро карда мешавад, ба тартибдиҳӣ ва нашри харитаҳои илмӣ-маълумотӣ, сиёсӣ-маъмурӣ, умумигеографӣ, сайёҳӣ, таълимӣ ва сохтани харитаҳои релефӣ нигаронида нудааст. 
Имрӯзҳо дар корхона ба сохтани харитаҳо ва нақшаҳои электронии калонмиқёси шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, системаҳои географии иттилоотӣ, тартибдиҳии базаҳои маълумоти соҳавӣ ва сохтани моделҳои рақамии маҳал аҳамияти зиёд дода шуда, як қатор корҳо низ иҷро какрда шуда аст. 
Дар давоми 10 соли фаъолият аз тарафи корхона ғайр аз миқдори зиёди харитаҳои топографӣ боз зиёда аз 25 номгуйи харитаҳои истифодаи умум барои самтҳои гуногуни иқтисодиёт бо теъдоди умумии 130 000 нусхаи чопӣ нашр карда шудааст. Илова бар ин боз зиёда аз 30 номгуй харитаҳо ва нақшаҳои истифодабарии махсус тартиб дода шуда, чоп карда шуданд. 
Дастовардҳои асосии корхона ин нашри атласи «Душанбе» (2005), нашри харитаҳои маъмурии «Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2006-2013), нақшаҳои шаҳри Душанбе (2005, 2008, 2013), Хуҷанд (2008), Қӯрғонтеппа (2009), Кулоб (2004), тартибдиҳии атласҳои мактабии синфҳои 6, 7 ва 9 (2009), харитаҳои деворӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ (2010), харитаи таърихии Давлати Сомониён» (2010), тартибдиҳии харитаҳои илмӣ-таърихӣ ва соҳавӣ барои Осорхонаи миллии Тоҷикистон сохтани харитаҳои калонҳаҷми релефии Тоҷикистон миқёси 1:500 000 (1,0-1,5 м с. 2006), 1:350 000 (1,4х2,0 м с. 2010) ва 1:100 000 (6,0х9,0 м с. 2012) мебошанд.
Сохторҳои асосии КВД «Фабрикаи харитасозӣ»:

Дар баробари корҳои вобаста ба харитасозии рақамӣ КВД «Фабрикаи харитасозӣ» инчунин ҳар сол зиёда аз 5 номгуй маҳсулоти чопии истифодабарии умумро низ истеҳсол менамояд. Кормандони корхона аз мутахасиссони сертаҷриба ва боистеъдод иборат буда, барои ҳалли тамоми масъалаҳои вобаста ба тартибдиҳӣ ва чопи харитаҳи гуногунсоҳа омода ҳастанд. 
Корхона инчунин барои қабул намудани фармоишҳо вобаста ба тартибдиҳӣ ва чопи харитаҳо аз ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ шароитҳои мусоид дорад.
Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон КВД «Фабрикаи харитасозӣ» ин корхонаи асосии харитасозие мебошад, ки барои таъминоти бехатарӣ ва иқтисодиёти давлат саҳми арзанда мегузорад.